МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ
Санаи панҷуми оятябри соли 2026 таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин маҷлиси назоратӣ доир гардид ва дар кори он муовини аввал, муовинони соҳавӣ, Роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои МИҲД – и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи октябр масъалаи аввали маҷлиси назоратӣ буд ва раиси ноҳия ҷиҳати сари вақт таъмин намудани нақшаи андоз ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод.
Ҳоло дар ноҳия ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дорад, барои сари вақт чидану ба корхонаҳои пахта супоридан ва ҳамчунин, назорати супоридани ҳисоботҳои оморӣ раиси ноҳия ба роҳбарону шахсони масъул дастуру маслиҳатҳои судбахш доданд.
Инчунин, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо таъкид карда шуд, ки ҳисоботҳои ҷамъбасти нуҳмоҳа сари вақт пешниҳод карда шаванд.
Дигар масъалаҳои маҷлиси назоратӣ – таҳти назорат қарор додани рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ барои соли 2027, омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия, ташвиқу тарғиби корҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ низ ҳаматарафа баррасӣ гардида, раиси ноҳия баҳри амалишавии корҳо ба роҳбарону шахсони масъул дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия