Баргузории чорабинӣ идона бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии томактабии №8, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ чорабини фарҳангӣ - маърифатӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳия Маҷидзода Ф., ва дигар намояндагони ташкилоту идораҳо, мураббияҳо, омӯзгорон ва тарбиятгирандагони муассиса ширкат намуданд.
Хонандагону тарбиятгирандагони муассиса бо як рӯҳияи болидаи идона, чеҳраҳои пур аз табассум дар васфи муаллим, ватан, Тоҷикистон ва забони модарӣ шеърҳо қироат намуда, ҳамзамон, чандин суруду таронаҳои ҷаззобу дилнишинро бахшида ба ин ду ҷашни фархунда манзури ҳозирин намуданд. Гулдухтаракон зери садои мусиқӣ рақсҳои зебову дилнишини тоҷиконаро иҷро намуда, инчунин, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявиро пешкаши иштирокчиён намуданд.
Дар фарҷом муовини раиси ноҳия Маҷидзода Ф., баромад намуда, ҳам омӯзгорону мураббияҳоро ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва дар рӯҳияи солими худшиносиву хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо дастуру ҳидоятҳо дода, тарбиятгирандагонро ба хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ ҳидоят намуданд.
Сипас, ба омӯзгорону тарбиятдиҳандагони хурдтаракон ҷиҳати ташкилу баргузории чунин чорабини рангину хотирмон изҳори сипос намуданд.
Шарафиддин Шарифов ”Навиди Ҳамадонӣ”