БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНӢ
Имрӯз раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин аз ҶДММ “Шарифи Абдулло” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти коргарони ин корхонаи пунбатозакунӣ аз наздик шинос шуданд., ҳамзамон раиси ноҳия аз коргарони ҶДММ “Шарифи Абдулло” оид ба вазъи пахтасупории хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия пурсон шуданд. Ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки рафти қабули пахта аз тарафи Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо маром идома дорад.