Яке аз ҳадафҳои дигари Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварӣ" дар доираи лоиҳа бунёди панҷ адад Марказҳои агрологистикӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ бо мақсади афзун намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ, коркард, пешгирӣ аз талафёбии ҳосил, нигаҳдорӣ ва бастубанди он баҳри содирот ба хориҷи кишвар мебошад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ду маркази агрологистикӣ - дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иқтидори нигоҳдории 1,200 тоннагӣ бо маром идома дошта, тибқи нақша дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида мешаванд.
Аз рӯи лоиҳа иншооти мазкур иборат аз шаш сардхонаи алоҳида, ки ҳар як кадом бо ғунҷоиши 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, толори калони қабули маҳсулот, ҷойи ба навъҳо ҷудо кардан, бастубанд, тамғагузорӣ инчунин озмоишгоҳи алоҳида барои муайянсозии таркиби маҳсулот ва дигар утоқҳои корӣ тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ дар назар гирифта шудааст.
Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими иқтидори инфрасохтории занҷираи истеҳсолии кишоварзии пойтахт, дар шаҳри Душанбе низ марказ бо иқтидори нигоҳдории 2,000 тонна дар марҳилаи оғози корҳои сохтмони қарор дорад.
Барои бунёди марказҳо дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои асосноккунии техникӣ - иқтисодӣ идома дорад.