Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти лоиҳа ва муносибатҳо бо баҳрагирандагон, механизми баррасии таклифу пешниҳодҳоро дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ хуб ба роҳ монда шуда, пайваста дар рафти корҳои банақшагирифташуда мулоқотҳо баргузор менамояд.
Ҳафтаи ҷорӣ мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии муассиса бо иштироки намояндагони ширкате, ки ба корҳои пармакунии чоҳи амудӣ барои таъмини оби полезии заминҳои хоҷагиҳои ниёзманд ҷалб гардидаанд ҷаласаи ҷамъиятӣ доир карда шуд.
Мутахассисони муассиса аз рафти ҳолати обёрии хоҷагии ниёзманди вилояти Хатлон, дидан намуда, ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, тибқи талаботҳои стандартҳои байналмилалии иҷтимоиву экологӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботҳои меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми баррасии таклифу дархостҳо маълумотҳои муфассалро пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати таъмин намудан бо обҳои полезӣ барои хоҷагиҳои хурди ниёзманди кишвар боз якқатор кандани чоҳҳои амудӣ дар доираи лоиҳа бо маром идома дошта, тибқи нақша дар ҷумҳурӣ давра ба давра амалӣ мегарданд.