Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд чиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ санаи 19.03.2026 байни Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ" ва ширкати LLC “Integrated Project Services” (IPS) шартномаи дуҷониба ба имзо расид, ки тибқи он ин ширкат муваззаф мегардад, ки Системаи Рақамии Харитасозии Хок (Digital Soil Mapping System)-ро дар муҳлати як сол таҳия намуда, ба истифода диҳад.
Системаи Рақамии Харитасозии Хок (DSMS) як платформаи муосири рақамӣ мебошад, ки барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил ва пешниҳоди маълумоти хок пешбинӣ шудааст. Ин система имкон медиҳад, ки намунаҳои хок аз саҳро ҷамъоварӣ шуда, дар озмоишгоҳ таҳлил шаванд ва натиҷаҳо дар шакли харитаҳои рақамӣ ва ҳисоботҳои таҳлилӣ пешниҳод гарданд. Бо ёрии ин система сатҳи ҳосилхезии замин (бонитет), ҳолати хок ва тағйирёбии он бармаҳал муайян карда мешавад, ки ин имкон медиҳад то тавсияҳои агрономӣ, аз ҷумла дар бораи нуриҳои минералӣ барои деҳқонон сари вақт таҳия гарданд.
Ҳадафи асосии таъсиси система баланд бардоштани самаранокии истифодаи хок ва замин ва дастгирии қабули қарорҳои илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди устувори истеҳсолот мебошад.