Cанаи 17.03.2026 директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо намояндагони ширкати Basarsoft & Noda мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Ширкати мазкур ҳамчун иҷрокунандаи асосии таҳия ва ҷорӣ намудани системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ - AMIS интихоб шудааст. Тибқи нақша, ин система бояд дар давоми 1 сол пурра таҳия ва ба истифода дода шавад.
AMIS (Системаи иттилоотии идоракунии кишоварзӣ) як платформаи муосири рақамӣ мебошад, ки барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва идоракунии маълумотҳои соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
Система имкон медиҳад, ки маълумоти саҳроӣ ва оморҳои кишоварзӣ тавассути моҳвора дар як низоми ягона муттаҳид гардида, барои қабули қарорҳои самаранок ва саривақтӣ истифода бурда шаванд. Инчунин, AMIS ба мониторинги зироатҳо, банақшагирии истеҳсолот ва рушди устувори соҳа мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, шартномаи дуҷониба миёни Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва ширкати туркии Basarsoft & Noda ба имзо расонида шуд. Ин иқдом қадами муҳим дар самти рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии он ба ҳисоб меравад.