Санаи 06.03.2026 дар Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ифтихори “Рӯзи Модар” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал директори муассиса муҳтарам Далер Саторӣ ҷаласаро оғоз намуда, бо самимият ва эҳтироми беандоза ҳамаи кормандон махсусан бонувони азизро ба муносибати фарорасии Рӯзи Модар, ки таҷассумгари иди баҳору зебоӣ ва сарсабзию хуррамӣ аст табрику таҳният намуда, иброз доштанд: Занону модарон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят ҳастанд.
Ҷавҳари рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан - Модар ташкил медиҳад.
Дар оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар Тоҷикистони биҳиштосои мо рамзи басо нек аст. Итминони комил дорам, ки модарону хоҳарони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлати азизамон саҳми назарраси худро мегузоранд.
Бигзор ҷашни фархундаи Модар, ки ҳамрадифи баҳори сабзу хурам аст, бароятон қувваю нерўи тоза бахшида, дар хонадонатон нуру сафо, файзу сахо Ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва баракати рӯзгорро насиб гардонад.
Сипас Уроқов Ёқубҷон ва дигарон оид ба “Қадру қиммат ва мақоми манзалати зан Модар дар ҷомеа” баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Пас аз баромадҳо филми мустанаде, ки таҷассумгари бузургии зан модарро ифода мекард пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ роҳбари муассиса бори дигар бонувон ва дар симои онҳо кулли модарони кишварро табрик намуда, онҳоро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.