Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки бе он тавоноии давлатро тасаввур кардан имкон надорад
Эмомалӣ Раҳмон
Дар зиндагӣ ҳама мехоҳад хушбахт бошад, аммо сарчашмаи хушбахтии мо саломатии солим доштан аст. Солим будани инсон аз табъи болида ва ғизои дуруст истеъмол намудан сарчашма мегирад.
Дар шароити ҷаҳони имрӯза норасоии витаминҳо ва моддаҳои минералӣ бештар ба назар расида, истеъмоли нокифояи микронутриентҳо бо ғизо яке аз мушкилоти бархе аз кишварҳои мутараққӣ ба ҳисоб меравад.
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мушкилоти норасоии витамину минералҳоро тавассути ғанӣ гардонидани маҳсулоти хӯроквории серистеъмол ҳал намуда истодаанд. Дар ҷумҳурии мо низ ин матлабро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта барои ғанигардонии навъи олӣ ва якуми орди гандумӣ ва йодноккунонии намаки ошӣ ки маҳсулоти серистеъмол дар миёни аҳолиамон маҳсуб мегардад то имрӯз як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Бо мақсади амалӣ гардидани татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ғанигардонидашуда» муқаррар гардидааст, ки муносибатҳоро ҷиҳати пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он тавассути ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ танзим намояд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2021 №415 «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2027» ба тасвиб расидааст.
Дар робита ба он санаи 18 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи зерқисмати 3.4 -и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор чорабинии омӯзишӣ дар мавзӯи "Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати солимнигоҳдории ҷомеа” баргузор гардид.
Дар ҷорабинии мазкур роҳбарони ҷамоатҳо, шахсони масъул, намояндагони васоити ахбори омма, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолӣ ва кишоварзӣ иштирок намуданд.
Сараввал ҷаласаро муовини раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Назарзода Баҳодур Ғулом оғоз намуда, оид ба истифодаи дурусти ғизо дар шароити имрӯза суханронӣ намуданд.
Сипас муовини директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ муҳтарам Қурбонзода Боймурод Соҳибназар ҷиҳати татбиқи лоиҳа дар амалигардонидани Қонуни мазкур баромади пурмуҳтаво намуданд.
Дар рафти чорабинӣ тибқи барнома директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолӣ Раҳмоналиев Орзу оид ба амалигардонии Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он миёни аҳолии кишвар ва самарабахшии ғанигардонии ғизо аз нигоҳи соҳаи тиб суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар ҳолати норасогии ғизо пеш аз ҳама бамориҳои камхунӣ, камвазнӣ, қадпастӣ, ҷоғар ва дигар омилҳо ба кӯдакону наврасон, занҳои ҳомила ва пиронсолон таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамчунин ҷиҳати амалӣ гардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ғанигардонидашуда» ва истифодаи дурусти ғизо миёни аҳолӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ҷиҳати аҳамияти ғизои солим, пешгирии камғизоӣ ва махсусан беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа ба шумор меравад.