Боиси ифтихору сарфарозист, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимӣ ва озмоишгоҳҳои ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар иншоотҳои зарурӣ давра ба давра бо тарҳи муосир таъмиру азнавсозӣ гардида мавриди истифодабарӣ қорор мегиранд.
Ҳамаи ин корҳои сохтмониву барқарорсозӣ ва бунёдкориву сабзу хуррамгардонӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати комил буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои гуногуни он тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Иншооти навбатӣ ин Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Вахш мебошад. Стансияи мазкур аз замони шуравӣ то имрӯз фаъолияти пурсамар дошта, бинои он ба таъмир асосӣ ниёз дошт.
Соли 2025 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” болопӯши бино, ҳамворкунии деворҳо, рангубори дохили бино, фарш, шифт (сақф) таҷҳизотҳои хурди барқӣ ва қандилҳо бо иваз намудани дару тирезаҳо бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ гардид.
Ҳамчунин амбори стансия, ки барои нигоҳдории тухмиҳои гуногуни зироатҳо пешбинӣ гардидааст, дарвоза ва болопӯши он пурра таъмир гардида, беруни он рангу бор карда шудааст.
Роҳбарият ва кормандони Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Вахш аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳаё намудани шароити хуби корӣ изҳори сипос намуданд.