«Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим яке аз ҳадафҳои стратегии давлат мебошад. Сифати ғизо, аз ҷумла ғанигардонии орди гандум ва йодноккунии намак, заминаи асосии ҳифзи саломатии миллат ба ҳисоб меравад»
Эмомалӣ Раҳмон.
Солим будани инсон аз табъи болида ва ғизои дуруст истеъмол намудан сарчашма мегирад. Дар шароити ҷаҳони имрӯза норасоии витаминҳо ва моддаҳои минералӣ бештар ба назар расида, истеъмоли нокифояи микронутриентҳо бо ғизо яке аз мушкилоти бархе аз кишварҳои мутараққӣ ба ҳисоб меравад.
Бисёр кишварҳои ҷаҳон мушкилоти норасоии витамину минералҳоро тавассути ғанӣ гардонидани маҳсулоти хӯроквории серистеъмол ҳал намуда истодаанд. Дар ҷумҳурии мо низ ин матлабро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта барои ғанигардонии навъи олӣ ва якуми орди гандумӣ ва йодноккунонии намаки ошӣ ки маҳсулоти серистеъмол дар миёни аҳолиамон маҳсуб мегардад то имрӯз як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солимгардонӣ ва ҳифзу нигаҳдории аҳолӣ, пайваста кӯшиш ба харҷ дода, нисбат ба масъалаҳои амнияти ғизо ва ғизои солим таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир менамояд.
Бо мақсади амалӣ гардидани татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ғанигардонидашуда» муқаррар гардидааст, ки муносибатҳоро ҷиҳати пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он тавассути ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ танзим намояд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2021 №415 «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2027» ба тасвиб расидааст.
Вобаста ба он санаи 27-уми январи соли ҷорӣ Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи зерқисмати 3.4 -и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд-и вилояти Суғд чорабинии омӯзишӣ дар мавзӯи "Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати солимнигоҳдории ҷомеа”-ро баргузор намуд.
Дар ҷорабинии мазкур намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли орд ва намак, намояндагони васоити ахбори омма, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолӣ ва кишоварзӣ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи ҷорабинӣ намояндагон аз Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва КВД “Хӯрокворӣ” ҷиҳати татбиқи Қонуни мазкур ахбороти муфассал пешниҳод намуданд.
Сипас тибқи барнома Икромов Насиб - оид ба амалигардонии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии кишвар барои солҳои 2022 – 2027, Ризоева Дилдора - Самарабахшии ғанигардонии ғизо аз нигоҳи соҳаи тиб, Ҳамзаев Ботир – технологияи парвариш ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғаладонагиҳо тавассути рунамо баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Ҳамчунин Ризоева Дилдора мутахассиси соҳаи тиб иброз доштанд, ки дар ҳолати норасогии ғизо пеш аз ҳама бамориҳои камхунӣ, камвазнӣ, қадпастӣ ва дигар омилҳо ба кӯдакон, наврасон, занҳои ҳомила ва пиронсолон таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинҳо ин баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ҷиҳати аҳамияти ғизои солим, пешгирии камғизоӣ ва махсусан беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа ба шумор меравад.