Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” сохтмони марказҳои агрологистикӣ дар кишвар бо маром идома дорад.
Бунёди марказҳои агрологистикӣ дар ҳудуди кишвар саривақтӣ буда, он барои афзун намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ, коркард, пешгирӣ аз талафёбии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, нигаҳдорӣ, бастубанд баҳри таъмини бозорҳои дохилӣ ва ба содирот нигаронидани маҳсулот равона мегардад.
Масъулин бо истифода аз технологияи муосир корҳои сохтмониро вусъат дода, кӯшиш доранд, ки дар муҳлати муайянгардида иншооти мазкурро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ маркази агрологистикӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ тибқи талаботи стандартҳои иҷтимоиву экологии Бонки ҷаҳонӣ, бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.
Дар оянда бунёди чунин маркази муосир пеш аз ҳама ба таҳкими занҷираи таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ, коҳиш додани талафот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти агробизнес дар ҷумҳурӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хом мусоидат хоҳад кард.