Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз ҳамчун ойини куҳанбунёди миллати тамаддунофари мо ва ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу маърифати миллӣ, мардумро ба сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, созандагӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд.
Боиси ифтихори беандоза аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзи аҷдодӣ умри дубора ва мақоми ҷаҳонӣ гирифта, таъриху арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ намуданд.
Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро ба илҳому офарандагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Наврӯз чун дафтари дурахшони иқболи мо ба тамоми аҳли башар муаррифӣ гашт ва чун ҷашни умумибашарӣ, ҷашни ваҳдату ҳамбастагии инсоният пазируфта шуд.
Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Зеро Наврӯз оғози эҳёи табиат, баробаршавии шабу рӯз, айёми кишту кор ва гармии рӯзу муҳабати беканор дар рӯзгор аст.
Фазилати дигари Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа, хушҳоливу хурсандии хурду бузург, кирдори нек ва гуфтори нек роҳнамои мардум ва ҷомеа буда, он дар рӯзи Наврӯз ҳар сол аз сари нав эҳё мегардад. Мардумро водор месозад, ки тамоми кинаву қудуратро аз дили худ берун андозанд ва дилҳоро чун оина поку беолоиш нигоҳ бидоранд.
Тибқи расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ мардум бояд қудуратро аз дилҳо дур намуда, якдигарро авф намоянд, ба айёдати пиронсолону беморон, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону дармондагон рафта, боиси хушнудии онҳо гарданд.
Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз ба ягон дин ё мазҳаб робитае надошта, инъикосгари дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат миёни инсон мебошад. Яъне сабаби дар паҳноҳои пурвусъати ҷуғрофӣ паҳн гардидани Наврӯз дар он аст, ки асли Наврӯз ба сифати ҷашни табиатан ва моҳиятан оммавию мардумӣ аз андешаи баробарӣ дар байни инсонҳо иборат мебошад.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон иброз доштанд:
«Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».
Боварӣ дорам, дорам, ки дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳамаи ниятҳои некиамон амалӣ гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба сӯи тараққиёти рӯзафзун ва шукуфоии беш аз пеш қадамҳои устувор мегузорад.
Қадами хуҷастаи Наврӯзи оламафрӯзро ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бигзор чеҳраи Шумо чун гулҳои наврӯзӣ хандону шукуфон, қалбатон чун офтоби оламорои Наврӯз поку беолоиш, табъатон чун насими наврӯзӣ хурсандибахш ва дастархонатон чун хони наврӯзӣ пурнеъмату пуранво башад.
Бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, оромиши қалб, иқболи баланд ва тансиҳативу рӯзгори осуда ҳамеша насибатон гардад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!