Ҷиҳати афзун намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ, коркард, пешгирӣ аз талафёбии ҳосил, нигаҳдорӣ ва бастубанди он баҳри таъмини бозорҳои дохилӣ ва ба содирот нигаронидани маҳсулот дар ҳудуди кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” марказҳои агрологистикӣ бунёд карда мешавад.
Маркази агрологистикии ш. Хуҷанд дар доираи лоиҳаи мазкур бо имконияти коркард, бастубанд ва нигоҳдорӣ бо иқтидори 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо тарҳи нави муосир бунёд гардида мушкилоти кишоварзонро осон мегардонад.
Бунёди ин иншооти бузург бо назардошти иншоотҳои ёрирасон дар масоҳати ду гектар ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.
Айни ҳол корҳои сохтмонии ин маркази агрологистикӣ дар минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд бо маром идома дошта, мутахассисону муҳандисон бо истифода аз технологияи муосир корҳои сохтмониро вусъат дода истодаанд, то тавонанд дар муҳлати муайянгардида иншооти мазкурро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.