Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки дар остонаи ҷашни бузури иди “Рӯзи Модар” қарор дорем кулли модарон ва занону хоҳарони азизи кишварро ба ифтихори ин санаи бузург самимона табрик намуда, барояшон сиҳатмандиву сарбаландӣ, рӯзгори осуда, иқболи нек ва беҳтарин фазилатҳои неки зиндагиро таманно менамоям.
Занону модарон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят ҳастанд.
Ҷавҳари рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан - Модар ташкил медиҳад. Зеро дар оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар Тоҷикистони биҳиштосои мо рамзи басо нек аст.
Зан - Модар азизтарин ва меҳрубонтарин мавҷуди рӯи замин ва чароғи рӯшани ҳар як хонадон аст, ки ибтидои ҳар зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад.
Зан - Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоии зиндагию хонадон, рамзи ишқи ҷовидонии башарият, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзандон мебошад, зеро роҳи тайнамудаи ҳар яки мо аз риштаи меҳру садоқату вафои модарон бофта шудааст.
Модарон барои мо намунаи меҳнатдӯстӣ ва фидокорӣ мебошанд. Саъю кӯшиш ва омодагии онҳо барои фидо кардани вақту қувваи худ барои мо манбаи илҳом аст. Ғамхории ӯ барои ташаккули пайвандҳои мустаҳками оилавӣ замина фароҳам меорад ва мо арзиши дастгирӣ ва муҳаббатро дар дохили оила меомӯзем.
Зан - Модар саробони оила, сомони рӯзгор, тарбиятгари фарзанд, олиҳаи ҳусну меҳру вафо ва сидқу сафои зиндагӣ буда, дурахшандаи чароғи хонадон аст. Зани порсою боимону итоаткор саробони аҳли байту сомони рӯзгор ва зинати мард асту ҳам комгор.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон иброз доштанд: «Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо мекунем, ки ба қадри шири поки Модарон, меҳрубониву ғамхории самимонаи занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».
Итминони комил дорам, ки модарону хоҳарони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлати азизамон саҳми назарраси худро мегузоранд.
Рости ситоишу қутсияти бузургии Зан - Модар дар лафзу сухан намеғунҷад, волотар аз сухану каломот аст. Бонувони азиз, модарони меҳрубон хоҳарони гиромиқадр ҳамаи шумоёнро ба ифтихори «Рӯзӣ Модар» самимона табрику шодбош гуфта, Дар ин рӯзи пурфараҳ, тани сиҳат, умри дароз, дили шоду ҷеҳраи хандон таманно менамоям. Бигзор ҷашни фархундаи Модар, ки ҳамрадифи баҳори сабзу хурам аст, бароятон қувваю нерӯи тоза бахшида, дар хонадонатон нуру сафо, файзу сахо, Ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва баракати рӯзгорро насиб гардонад.