Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни кишвар давра ба давра рушд намуда, ба дастовардҳои бузург ноил мегардад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати татбиқи илм дар амал, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва самарабахш гардонидани кори олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якқатор техникаву таҷҳизотҳо ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ дастрас карда шуд.
Таҷҳизотҳои муосир ва мошинолотҳои кишоварзӣ аз қабили 11 адад трактор, 1 адад комбайни ғалладарав, 1 адад дорупошак, 2 адад мотобулок, 9 адад плуг, 3 адад картошкаканак, 3 адад картошкашинонак, 1 адад автомошинаи озмоишгоҳи сайёри техникӣ ва 3 адад дастгоҳи харротиро пешниҳоди муассисаҳои зертобеи АИКТ гардонида шуд.
Олимону мутахассисони соҳа аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ қаноатманд буда, изҳори сипос намуданд.