Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар қатори сохтмону таъмири дигар иншоотҳо боз бунёди гармхонаҳои доимоамалкунандаи муосирро дар кишвар роҳандозӣ намудааст, ки барои таъмин намудани аҳолии кишвар бо сабзавотҳои тару тоза дар ҳамаи фасли сол мусоидат мекунад.
Бунёди иншооти навбатӣ ин гармхонаи доимоамалкунандаи муосир дар ноҳияи Шуғнони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки дар он корҳои сохтмонӣ тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бо маром идома дошта, мутахассисон кӯшиш менамоянд, ки иншооти ба нақшагирифтаро сари вақт дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд сохта мавриди истифода қарор диҳанд.
Ҳадаф аз бунёди гармхонаҳои муосир дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ин интихобу мутобиқсозии зироатҳои кишоварзӣ ба шароити иқлими маҳал, ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир, истифодаи оқилонаи замин ва таъмини ҳарчи бештари мардум бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ дар тамоми фасли сол, умуман андешидани чораҳо ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.
Масоҳати парвариши сабзавот дар гармхонаи муосир 0,32 гектар заминро ташкил дода, ҳосили он дар чор фасли сол пешниҳоди бозор мегардад.
Ҳамчунин барои муайян намудани таркиби микроэлементҳои дар хок мавҷудбуда аз ҷониби мутахассисони соҳаи хокшиносӣ дар озмоишгоҳ ташхис гардида, ҷиҳати барқарорсозии микроэлементҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳое, ки дар гармхона парвариш меёбанд тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.