Ҳамватанони азиз, фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар саросари ҷаҳон! Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии комил, рӯзгори осуда, саодати зиндагӣ ва барои забони ноби…
фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар саросари ҷаҳон!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии комил, рӯзгори осуда, саодати зиндагӣ ва барои забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона орзу менамоям.
Мо соҳибони забони ширину ноби тоҷикӣ ҳамеша меболему худро хушбахт меҳисобем, зеро соҳибзабон ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ҳастем. Миллатеро, ки забонаш зиндаву пойдор аст, таъриху фарҳанг ва рӯҳи маънавии ӯ низ зинда хоҳад монд.
Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ барои миллати мо на танҳо мероси гаронбаҳои гузашта, балки сармояи маънавии имрӯз ва кафили ҳувияти фардои мост.
Бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ имкони нави таърихӣ пайдо кард, то мақоми воқеии худро дар низоми давлатдории миллӣ боз ҳам таҳким бахшад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ, сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба мақоми баланду шоистаи забони давлатӣ расида, доираи истифода ва имкониятҳои он пайваста густариш ёфт. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди забон аз ҷумлаи иқдомҳои муҳиме мебошанд, ки барои таҳкими мавқеи забони давлатӣ заминаи устувор фароҳам оварданд.
Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус ва таърихӣ мебошад. Сиёсати фарҳангӣ ва забонии Пешвои миллат ба он равона гардидааст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни давлатдорӣ, омили худшиносии миллӣ ва василаи пайванди наслҳо ҷойгоҳи шоистаи худро нигоҳ дорад ва таҳким бахшад. Тавре дар суханрониҳои Пешвои миллат пайваста таъкид мешавад, забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳастӣ ва бақои миллати тоҷик буда, дар даврони истиқлол рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо қувваи тоза идома медиҳад.
Имрӯз мо бо ифтихор мебинем, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои омӯзиш, истифода, таҳқиқ, такмил ва рушди забони давлатӣ шароити мусоиди ҳуқуқиву фарҳангӣ фароҳам омадааст. Ин сиёсати созанда моро водор месозад, ки дар баробари ифтихор аз забони модарӣ, барои покиву фасоҳат, ғановат ва рушди минбаъдаи он масъулияти бештар эҳсос намоем.
Дар ин замина, Театри миллӣ низ худро яке аз минбарҳои муҳимми ҳифзу густариши забони тоҷикӣ медонад. Театр маконест, ки дар он каломи бадеӣ ба сухани зинда табдил меёбад, таърих ба саҳна меояд, фарҳанг ба чашм дида мешавад ва андешаи миллат бо забони санъат ба қалби инсон роҳ меёбад.
Бунёди бинои муҳташам, пурнақшу нигор ва муосири Театри миллӣ аз дастовардҳои арзишманди даврони соҳибистиқлолӣ ва яке аз туҳфаҳои арзишманди 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми фарҳангпарвари кишвар мебошад. Ин қасри бузурги фарҳанг бо меъмории миллӣ, нақшу нигори тоҷикона ва имкониятҳои муосири худ на танҳо як бинои театрӣ, балки бозгӯкунандаи пайванди таърихи пурғановати миллати тоҷик бо фарҳанги муосири давлатдории миллӣ мебошад.
Театри миллӣ имрӯз метавонад ва бояд маркази бонуфузи фарҳангӣ, маънавӣ ва забонии кишвар бошад. Зеро саҳнаи театр макони бузурги таъсиргузорӣ ба андешаи ҷомеа аст. Ҳар вожае, ки аз саҳна садо медиҳад, ҳар асари драмавие, ки ба забони тоҷикӣ офарида мешавад, ҳар нақше, ки бо каломи фасеҳу равон иҷро мегардад, ба ҳифзи фарҳанги сухан ва рушди забони адабӣ хидмат мекунад.
Аз ин рӯ, рисолати Театри миллӣ танҳо рӯи саҳна овардани асарҳои баландмазмун нест. Рисолати мо ҳамзамон нигоҳ доштани қудрати каломи тоҷикӣ, тарғиби забони меъёр, эҳёи вожаҳои ноби миллӣ, рушди драматургияи тоҷик ва ба насли ҷавон расонидани фарҳанги сухан мебошад.
Театр метавонад он маконе бошад, ки дар он забон на танҳо хонда ё омӯхта, балки зинда эҳсос карда мешавад. Забоне, ки аз забони ҳунарманд бо эҳсос садо медиҳад, ба қалби тамошобин таъсир мегузорад; забоне, ки дар драматургия андешаи баландро баён мекунад, андешаи ҷомеаро низ ғанӣ месозад. Аз ин ҷост, ки рушди театри миллӣ ва рушди забони миллӣ ду ҷараёни аз ҳам ҷудонашавандаи фарҳангӣ мебошанд.
Бигзор забони тоҷикӣ, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аз имтиҳони таърих гузашта, ганҷинаи бузурги адабиёти ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст, дар даврони соҳибистиқлолӣ боз ҳам шукуфонтар гардад ва садои он дар саҳнаҳои бузурги фарҳангии ҷаҳон баландтар танинандоз шавад.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!