Акнун кормандони Театри миллӣ имкон доранд, дар баробари фаъолияти касбӣ дар курсҳои омӯзиши забони англисӣ иштирок карда, сатҳи забондонии худро такмил диҳанд. Дар Муассисаи давлати “Театри миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Акнун кормандони Театри миллӣ имкон доранд, дар баробари фаъолияти касбӣ дар курсҳои омӯзиши забони англисӣ иштирок карда, сатҳи забондонии худро такмил диҳанд.
Дар Муассисаи давлати “Театри миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандон омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шуд. Дарсҳо имрӯз 8-уми октябри соли оғоз гардида, машғулиятҳо ҳафтае чор маротиба дар ду баст баргузор карда мешаванд.
Тибқи реҷаи курси омӯзиши сатҳи забондонии кормандон ба инобат гирифта мешавад ва онҳо дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо гардида, таълим мегиранд. Дар рафти машғулиятҳо усулҳои муосир ва самараноки таълими забони англисӣ истифода гардида, ба рушди малакаҳои гуфтугӯӣ ва муоширати кормандон диққати аввалия дода мешавад.
Бояд гуфт, омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз қадамҳои муҳим дар самти рушди касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Хотирасон менамоем, ки омӯзиши забони забони англисӣ дар Муассисаи давлати “Театри миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.