Нимаи дуюми рӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснуллин ба Театри миллӣ ташриф оварда бо…
Нимаи дуюми рӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснуллин ба Театри миллӣ ташриф оварда бо шароиту имконотҳои мавҷуда ошно гардиданд.
Манучеҳр Шарифзода директори Театри миллӣ меҳмононро ҳамроҳӣ намуд, бо толорҳои барҳаво ва бошукуҳи Театри миллӣ ошно намуданд.
Дар оғоз меҳмонони олиқадр аз Толори асосии Театр, ки таҷассумкунандаи шукӯҳи санъат ва хотираи таърихии миллати тоҷик мебошад ва барои зиёда аз 2500 тамошобин пешбинӣ шудааст дидан карда, ба ҳар ҷузъи меъмории он баҳои баланд доданд.
Сипас, меҳмонон бо имкониятҳои муосир ва дастранҷи ҳунармандони тоҷик , ки дар толори консертии Театр истифода гардидаанд шинос гардиданд. Ин толор барои баргузории консертҳо, аз ҷумла барномаҳои мусиқӣ ва симфонӣ, консертҳои оркестрӣ, якканавозӣ, шашмақом, фалак ва гуруҳӣ пешбинӣ шуда, ғунҷоиши зиёда аз 1000 тамошобинро дорад.
Толори саввум толори бисёрфунксионалӣ бо 1051 ҷойи нишаст. Ин ҷо вобаста ба хусусияти чорабинӣ имкони тағйир додани тарҳ ва истифодаи фазо вуҷуд дорад. Он барои баргузории конференсияҳо, фестивалҳо, симпозиюмҳои байналмилалӣ намоишномаҳои камеравӣ, мулоқотҳои эҷодӣ ва дигар чорабиниҳо мувофиқ аст.
Дар хотима, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин дар дафтари хотира андешаҳои худро вобаста ба Театри миллии Тоҷикистон дарҷ намуд.