Бо дастгириҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Муассисаи давлатии “Театри миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба…
Бо дастгириҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Муассисаи давлатии “Театри миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии бошукӯҳ таҳти унвони “Марвориднаво” роҳандозӣ гаштааст.
Дар Толори Калони Муассисаи давлатии “Театри миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми ҳунари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, солисти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рустам Дулоев баргузор мегардад, ки ҳузур ва ҳунарнамоии ҳунарпешагони машҳури ҷаҳонӣ аз Итолиё ва Россия дар он пешбинӣ шудааст.
Барномаи бошукуҳи вокалӣ-симфонии шоми ҳунарии “Марвориднаво” дар ду бахш пешниҳоди ҳозирин мегардад. Дар бахши аввал сегонаи маъруфи ҳунари белканто – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, солисти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рустам Дулоев (тенор); сарояндаи Театри машҳури “Ла Скала”-и Итолиё Мила Вилотиевич (сопрано) ва Ҳунарпешаи шоистаи Россия, Ҳунарпешаи халқии Осетияи Шимолӣ ва Ҷанубӣ – Вероника Джиоева (сопрано) таҳти сарварии дирижёри тоҷик Анвар Шоймуродов хотири алоқамандони дурдонаҳои классикаи ҷаҳонӣ ва миллиро шод менамоянд.
Дар бахши дуюм Ҷоизадори мақоми аввали озмуни байналмилалии Unga Solister дар Шветсия Самир Абдураззоқов ва дирижёри машҳур Хобарт Эрл (Венесуэла) шоҳкории Сергей Рахманинов – “Консерти №2 барои фортепиано бо оркестр” манзури тамошобинон мегардад.
Марҳабо, ба ҷашни ҳунари оламгир ва ҷилваҳои санъати академӣ!
Фақат як рӯз ва танҳо барои Шумо: 23 октябр. Соати 18-00.