Санаи 1 октябри соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон, ҷаноби Алексей Песошин ва ҳайати ҳамроҳонаш бо мақсади шиносоӣ бо санъати мемории миллати куҳанбунёд ба Театри миллӣ ташриф оварданд. Директори муассиса Шарифзода Манучеҳр Муртазо меҳмонони…
Санаи 1 октябри соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон, ҷаноби Алексей Песошин ва ҳайати ҳамроҳонаш бо мақсади шиносоӣ бо санъати мемории миллати куҳанбунёд ба Театри миллӣ ташриф оварданд. Директори муассиса Шарифзода Манучеҳр Муртазо меҳмонони олиқадрро дар сатҳи баланди меҳмоннавозиву меҳмондорӣ пешвоз гирифтанд.
Пас аз ошноӣ, меҳмонон аз мусаввараҳои "Фарҳанги ориёӣ" ва "Ворисони замон", ки дар ду тарафи даромадгоҳи асосӣ ҷой гирифта, аз мероси шахсиятҳои бузурги илму адаб, мусиқӣ ва фарҳанг, ки дар тӯли асрҳо офаридаанд ва пайванди ногусастании гузаштаву имрӯзро бозгӯ мекунад, дидан намуданд.
Баъдан меҳмонон аз толорҳои бошукӯҳи Театри миллӣ дидан намуда, аз фазои муҳими фарҳангӣ ва ҳунарии ин кохи бузурги санъат, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест, як ҷаҳон таассуроти рангин бардоштанд.
Ба меҳмон гуфта шуд, ки фазои толорҳои Театри миллӣ бо меъмории зебо, ороиши муносиб ва муҳити созгор ба санъати мусиқӣ, инчунин равшании садою меъморӣ ҳамоҳанг гардида, барои тамошобин фазои муносибу хотирмон фароҳам овардааст.
Дар хотима Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон Алексей Песошин аз сатҳи баланди ташкилӣ ва пазироии самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.