26 июни соли 2026 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба пазируфта шудани ташаббуси навбатии Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимон, сардорони шуъба, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону кормандони муассисаҳои илмии Академия иштирок доштанд.
Ҳамоишро ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, аъзои вобастаи АИКТ Амиршозода Файзулло Сафар оғоз карда, ҳамагонро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ ва қабули ин пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид табрик гуфта, дар бораи сулҳу ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.
Сулҳ аз арзишмандтарин неъматҳои зиндагии башар буда, асоси рушду пешрафти давлатҳо, амнияти ҷомеа ва зиндагии шоистаи инсонҳо мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу субот имконияти рушди илм, маориф, иқтисодиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуд, имрӯз ба шарофати сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидааст.
Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат буда, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ҳамкорӣ ва пешгирии низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ҳадафи асосии ин даҳсола ташаккули фарҳанги сулҳ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳкими дӯстии байни халқҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Сипас муовини директори Институти боѓу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Бахтовар Субҳонзода ва саркотиби илмии Институти тибби ветеринарӣ Абдуқодир Неъматов дар мавзуи сулҳ ва ваҳдат баромадҳои пурмазмун карда, ҷонибдории худро оид ба қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон изҳор намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки нақши олимону муҳаққиқон дар тарғиби арзишҳои сулҳ ва ваҳдат, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва тарбияи ҷавонон басо муҳим мебошад. Илм ҳамеша воситаи муттаҳидсозандаи халқҳо, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни миллатҳо ба ҳисоб меравад.