Рӯзи 15 июли соли ҷорӣ Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Салимзода Амонулло Файзулло бо ҳайати кории ширкати чинии “Shaanxi Apple Group” таҳти роҳбарии ҷаноби Ян СиСюн мулоқот анҷом дод. Ҳадафи асосии мулоқот табодули…
Рӯзи 15 июли соли ҷорӣ Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Салимзода Амонулло Файзулло бо ҳайати кории ширкати чинии “Shaanxi Apple Group” таҳти роҳбарии ҷаноби Ян СиСюн мулоқот анҷом дод.
Ҳадафи асосии мулоқот табодули таҷриба дар самти боғдории муосир, хусусан технологияҳои пешрафтаи парвариши себ ва ситрусиҳо мебошад. Академик Салимзода Амонулло зимни муҳокимаи лоиҳаҳои муштарак, аҳамияти истифодаи технологияҳои инноватсионии мутобиқ ба шароити иқлимии Тоҷикистонро махсус таъкид намуда, пешниҳод кард, ки ҷиҳати таҳкими ин раванд ёддошти тафоҳуми алоҳидаи ҳамкории илмӣ ба имзо расонида шавад.
Ҳамзамон, дар давоми мулоқот академик Салимзода Амонулло Файзулло барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва таъмини заминаи ҳуқуқии фаъолияти муштарак, пешниҳод намуд, ки ёддошти тафоҳуми нави ҳамкорӣ миёни Академия ва ширкати мазкур ба имзо расонида шавад.
Дар рафти мулоқот роҳбарияти Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механикии кишоварзии Академия омодагии худро барои ҳамкориҳои муштарак бо ширкати чинӣ баён доштанд.
Дар доираи сафар, меҳмонон аз Осорхонаи Академияи илмҳои кишоварзӣ, озмоишгоҳҳои Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва гармхонаҳои таҷрибавӣ дидан намуданд. Коршиносони чинӣ ба дастовардҳои илмии олимони тоҷик баҳои баланд дода, омодагии худро барои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи боғдории Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки татбиқи амалии ин лоиҳаҳо барои рушди иқтисодиёти кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидати фаъол хоҳад кард. Ин мулоқот заминаи мустаҳкаме барои таҳкими равобити илмӣ-техникӣ байни Тоҷикистон ва Чин гузошта, умед аст, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии ҷониби Чин ин ташаббуси муҳим амалӣ гардида, дар рушди илми кишоварзии кишвар саҳми арзанда мегузорад.