Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд минатдор буда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Усулҳои инноватсионии рушди илму истеҳсолти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим”, ки охирҳои моҳи октябри соли 2026 баргузор мегардад.
Дар Конференсияи мазкур олимону мутахассисони ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иштирок менамоянд.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар конференсияи мазкур иштирок намуда, мақолаҳо пешниҳод намоед.
Дар конференсия масъалаҳои рушди инноватсионӣ дар самтҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
Талабот оид ба тайёр намудани мавод: Ҳаҷми мақола аз 5 то 10 саҳифаи чопи компютерӣ бо риояи талаботи зерин қабул карда мешаванд: андозаи варақ А4, ҳошия аз ҳама тарафҳо 2 см, андозаи ҳарфҳо 12, байни сатрҳо 1,15, сарсатр 1,25 см, ҳуруфчинӣ бо навъи Times New Roman Tj, барои матнҳои русӣ Times New Roman. Дар саҳифаи якум баъд аз як сатр номи мақола бо ҳарфҳои сарлавҳавӣ, поёнтар аз он фосилаи 1,5 см ному насаби муаллифон, нишони Муассиса оварда шавад. Маводро тариқи почтаи электронии taskhn@mail.ru ё ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21 а, ирсол намоед. Қабули мақола то - 1 сентябри соли 2026.
Нашри маводи конференсия. Маводи конференсия то оғози кори конференсия ба нашр расонида мешавад. Муаллифон оид ба саҳҳеҳият ва эътимоднокии маълумоти мавод масъул мебошанд. Кумитаи тадорукот ҳуқуқ дорад маводеро, ки ба мазмун ва мундариҷаи мавзуъҳои конференсия ва талаботи пешниҳодгардида мувофиқ нестанд, рад намояд.
Суроға барои тамос:
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21 а, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,
E-mail: taskhn@mail.ru, тел.: (+992) 2 27 70 77; (+992) 93 839 77 53
Тартиби баргузории конференсия
📍 Макони баргузорӣ: Тоҷикистон, ш. Душанбе.
📅 Рузи баргузорӣ: охирҳои моҳи октябри соли 2026.
Масъалаҳои ташкилӣ
Барои иштирок дар конференсия мақолаҳоро ба почтаи электронии taskhn@mail.ru, shuhrat7777@mail.ru, mirzo_nematov@mail.ru, nodira.b5061@mail.ru пешниҳод намоед.
Кумитаи тадорукоти конференсия