Иштироки кормандони АИКТ дар барномаи анъанавии «Шабе дар осорхона — 2026» Ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, шоми 18-уми майи соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барномаи…
Иштироки кормандони АИКТ дар барномаи анъанавии «Шабе дар осорхона — 2026»
Ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, шоми 18-уми майи соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барномаи анъанавии байналмилалии «Шабе дар осорхона — 2026» баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ, ки аз соати 18:00 то 23:00 идома ёфт, кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеъи он фаъолона иштирок намуданд. Аҳли илми кишоварзӣ зимни боздид аз гӯшаҳои мухталифи намоишгоҳ ва осори таърихии миллат, аз ин барномаи анъанавии фарҳангӣ бардошти бойи маънавӣ ва ғизои рӯҳӣ гирифтанд.