8 майи соли 2026 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи ғалаба» ҳамоиш таҳти унвони «Корнамоии халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» баргузор гардид, ки дар он Баҳорзода Сироҷиддин, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Неъматов Икромиддин номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ иштирок доштанд.
Нахуст президенти Академия Салимзода Амонулло Файзулло ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо ин санаи фаромӯшнашаванда табрик гуфта, мухтасар дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, корнамоиҳо ва саҳми халқи тоҷик дар он маърӯза карданд. Мавсуф аз ҷумла иброз доштанд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шуравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озӯқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизотҳои гуногуни таъйиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Армияи Советӣ фиристонда мешуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограмм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд.
Сипас ноиби президенти Академия Амиршозода Файзулло Сафар дар бораи қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар ин ҷанги хонумонсӯз маърӯза карданд. Амиршозода Ф.С. аз ҷумла қайд карданд, ки ҳамасола 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба— иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашн гирифта мешавад. Имсол аз ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол пур мешавад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурда, дар ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар гардида, 92 ҳазори онҳо дигар ба Ватан барнагаштанд.