Модарону хоҳарони азиз! Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои зебову дилписанди сол - иди «Рӯзи Модар» қарор дорем, кулли модарон ва занону хоҳарони азизи кишварро ба муносибати ин санаи бузург самимона табрик гуфта, барои шумо…
Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои зебову дилписанди сол - иди «Рӯзи Модар» қарор дорем, кулли модарон ва занону хоҳарони азизи кишварро ба муносибати ин санаи бузург самимона табрик гуфта, барои шумо пеш аз ҳама саломатӣ, умри дарози бобаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иќболи нек орзу менамоям.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.
Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани иди «Рӯзи модар» рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас зан - модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати қайд кардаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан - модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.
Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.
Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.
Мехоҳам дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо ифтихору сарфарозӣ хотирнишон намоям, ки иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд.
Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.
Мафҳумҳои муқаддаси “Модар” ва “Ватан” бо ҳам тавъам буда, фарзандони ватандӯстро маҳз модар ба дунё меорад ва муҳаббати Ватанро бо шири сафедаш дар вуҷуди фарзанди худ ҷой мекунад.
Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд. Зеро, бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.
Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар бараъло намоён аст.
Чунончи Сарвари давлат дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ишора намуданд, ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Ҳоло дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 379 нафар занону бонувон, аз ҷумла 23 нафар занони унвондор, аз ҷумла 1 доктор ва 24 номзадҳои илм, 24 магистр ва 9 нафар доктор PhD дар пешбурди илми кишоварзӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Моро зарур аст, ки дар самти ҷалби ҷавондухтарон ба бахшҳои аспирантура, магистрантура ва доктор PhD ҷиҳати тайёр намудани бонувони унвондор чораҳои бетаъхир андешида, сафи олимонро дар соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби бонувони болаёќат, ки айни замон ангуштшуморанд, зиёд намоем.
Мо ба донишу истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии бонувони Академия ва муассисаҳои илмии он, ки дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми сазовор доранд, таҳсин хонда, итминони комил дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти илми кишоварзӣ ва ободии Ватани маҳбубамон ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Мо ҳар яки шумо, модарону бонувони азизро дӯст медорем, бо занону духтарони ватандӯст ифтихор мекунем ва боварӣ дорем, ки Шумо вазифаҳои бадӯшдоштаи худро минбаъд низ сарбаландона иҷро карда, дар рушду ободии кишвари азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоред.
Бори дигар ҳамаи шумо, модарони мӯнису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯстро ба муносибати «Рӯзи Модар» самимона табрик гуфта, ба шумо барори кору бурдбориҳоро таманно дорам.
Ҷашн муборак, модарону хоҳарони азиз!