ҶАШНИ САДА ОМОДАГӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРИСТ
Сада дар қатори дигар ҷашнҳои бостонӣ аз даврони қадим яке аз идҳои бошукӯҳу ҷалоли мардуми шарифи тоҷик маҳсуб меёфт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Дар "Ғиёс-ул-луғот" омадааст: "Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд". Ҳамон ҷо ишора мешавад, ки «Сада даҳум рӯзи баҳман, чун дар он рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида».
Абурайҳони Берунӣ дар китобаш "Осор-ул-боқия" нигоштааст: "Сада-номи ҷашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ..." аст.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз ҷом ёдгор аст.
Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки ба 30-юми январи солшумории мелодӣ баробар мебошад. Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Зеро, мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Мақсади асосии мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.
Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки калимаи «Сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад
Агар истилоҳи “Сада” аз шумораи сад гирифта шуда бошад, он фосилаи замонии байни Меҳргону Тиргон ва Садаро дар бар гирифтааст. Яъне Сада тақрибан пас аз сад рӯзи ҷашни Меҳргон барпо мешавад (бо сабаби ноқис будани тақвимҳои қадимӣ 5 -10 рӯз тағйир ба вуҷуд омадааст).
Ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи «Сада» аз калимаи «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ. Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда, то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҷашнҳо ва арзишҳои дигари фарҳангии мо дубора эҳё шуда, рӯ ба рушду нумуъ доранд. Сада низ дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Меҳргон, Сада ва Тиргон расман рӯзҳои муайян таҷлил мегарданд.
То ба имрӯз аз ин ҷашни бостонӣ як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд.
Ҳар сол гулханҳои хурд ҳамчун рамзи ҷашни Сада афрӯхта мешавад. Зеро, Сада ҷашни нуру рӯшноӣ, садоқату пирӯзии мардумони кишоварз ба обу хок ва замин аст, Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ, шохчабурӣ ва ба тартиб овардани дарахтону буттаҳо ва гулҳо машғул мешуданд, ки ин суннати неки ниёгонро ҳоло ҳам дар рӯзҳои иди Сада давом медиҳанд. Намоишгоҳи ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан, буттаҳои ороишӣ, гулҳои рангоранг, техника ва олоти марбут ба боғдорӣ, тухмиҳо, нуриҳои минералӣ ва доруҳои химиявии махсуси соҳаи боғдорӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дастархони идонаи Сада аз таомҳои зимистона, анвои меваҳои хушк ва шириниҳои суннатӣ иборат мебошад.
Ба таомҳои зимистонии маъмул оши палав, ширбиринҷ, қурутоб, шакароб, равғанҷӯш, бат ва ғайра дохил мешаванд, аммо беҳтар он аст, ки таомҳои суннатии ҳар як шаҳру ноҳия гузошта шаванд. Меваҳои хушк дар навоҳии кишвар гуногун мебошанд, ҳар шаҳру ноҳия хушкмеваҳои минтақаи худро ба маърази тамошо мегузорад.
Ба қатори шириниҳои суннатӣ: набот, қандалот, парварда, хурӯсқанд, ҳалво, ширинӣ, асал, нишалло ва амсоли инҳо шомиланд. Махсусан намоиши навъҳои ҳалвоҳоро, ки дар байни ҳамон шаҳру ноҳия маъмул мебошанд, ба ҷашни Сада ҳусни дигаре ато мекунанд. Намоишҳои фарҳангӣ театрӣ, суруду мусиқӣ, ҳаҷву ширинкориҳо, мардумро ба сайри таърихии ҷашни Сада мебаранд. Шоҳи пешдодӣ Ҳушанг ҳамроҳи наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд. Ҳушанг сангеро бардошта, морро мезанад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, аз он шарора парида, хасу хошоки хушк оташ гирифта, месӯзанд. Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, ин рӯйдодро ҷашн мегиранд.
Озмунҳо ба мавзуи ҷашни Сада бахшида мешаванд. Маҳфили мушоара бо хондани байту ғазалпораҳо дар васфи Сада барномаро рангин карда, дар шаҳрҳо шоми рӯзи ҷашни Сада барпо мегардад.
Дар ҷашни Сада намудҳои дигари варзиши миллӣ, мисли чавгонбозӣ навъҳои пиёда ва савора дорад. Мувофиқи имкон яке аз намудҳои чавгонбозиро бояд ташкил намуд. Барои чавгонбозӣ тӯбчаҳои махсус (гӯй) ва чӯбдаста (чавгон) лозим аст. Тоҷикон аз давраҳои қадим дар ҷашну хурсандиҳо ва сайрҳои оммавӣ, намоишҳои сирки халқиро барпо менамуданд, ки яке аз бахшҳои ҳатмии он дорбозӣ ба шумор мерафт. Дастаи дорбозон, одатан, аз 2-3 дорбоз, 2 масхарабоз, 3-4 навозандаи карнаю сурнай ва таблу нақора иборат буда, барномаҳои рангин доштанд. Ба репертуари дорбозӣ инчунин ширинкорию масхарабозӣ, шуъбадабозӣ, жонглёрӣ дохил мешуданд.
Аз бозиҳои зеҳнии рӯимизӣ бозиҳои анъанавии (шатранҷ) ва нардбозӣ ба ифтихори Сада аз қадимулайём машҳур будааст.
Қайд кардан зарур аст, ки яке аз аркони Сада афрӯхтани гулханҳои хурду калон маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамоянд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад. Парандаи дӯстдоштаи айёми ҷашни Сада хурӯс аст, ки мардумро аз дамидани рӯшноӣ хабар медиҳад. Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Аз замин, ки ризқрасони марди деҳқон аст, бӯи хоки мушкбез ба димоғ мерасад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешавад. Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Барзгарон бо меҳр атрофи оташи муқаддас, ки яке аз ёдгориҳои иди Сада мебошад, давр зада, ба фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Хокистари гулхани ҷашни Садаро деҳқон бо умеди ҳосили босамар ба замин мепошад. Каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ боиси рӯйсурхии ӯ гардад. Деҳқонон айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат, нуриҳои заруриро дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин, шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд.
Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ чорабиниҳоро ҷиҳати беҳтар намудани сифати ғизояшон, ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи онҳо аз касалиҳо ва ғайра амалӣ мегардонанд. Дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар аз донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин ғизо - мошкичрӣ, лӯбию нахудшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширруған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра омода мегардад. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон, хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо себ, тарбузу ангур оро медиҳанд.
Дар Паёми Роҳбари давлат ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шудааст.
Боварӣ дорем, ки кишоварзон, деҳқонон ва мутахассисони малакат омодагиро ба мавсими баҳор суръат бахшида, соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта маҳсулоти бештар ба даст оварда, барои беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Ҷашни бостонии Садаро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо бахту саодат, баракату фаровонӣ ва шодиву нишот орзу менамоям.
Ҷашни Сада муборак бошад!