ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ АЗ РАВАНДИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АҲЛИ МАОРИФ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ
Имрӯз кормандони Агентии Тоҷикстандарт мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маорифи кишвар, ки ба муносибати Рӯзи Дониш баргузор гардид, ба таври дастаҷамъона тамошо карданд.
Зимни тамошои дастаҷамъона кормандони Агентӣ ба суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нуктаҳои муҳими вобаста ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифат, тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки маориф ҳамчун яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва пешрафти давлату ҷомеа нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, бояд ба омӯзиши илму дониш, аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир ва боло бурдани сатҳи маърифати худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Кормандони Агентии Тоҷикстандарт тамошои дастаҷамъонаи ин мулоқотро ҳамчун як рӯйдоди муҳими маърифативу сиёсӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонону кормандони соҳаҳои гуногун, раҳнамои фаъолият ва омӯзиши пайваста мебошанд.