ТОҶИКСТАНДАРТ ОГОҲ МЕКУНАД!
Бо мақсади таъмини сифат ва бехатарӣ оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии амаликунанда (шартҳои техникӣ, стандартҳои байнидавлатӣ ва регламентҳои техникӣ) ва дар ин замина таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон кормандони Агентии Тоҷикстандарт дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «ТОҶ ОЙЛ», воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи А.Ҷомӣ 7 мониторинги назоратӣ гузаронида, ҳолати қонунвайронкуниро ошкор намуданд.
Зимни гузаронидани мониторинги назоратӣ муайян гардид, ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории мазкур бензини тамғаи «АИ-93» ҳамчун бензини тамғаи «АИ-95» ба фурӯш бароварда шудааст.
Бо мақсади муайян намудани сифати воқеӣ ва мутобиқати маҳсулоти нафтӣ ба талаботи муқарраршуда, кормандони Агентии Тоҷикстандарт санаи 24 сентябри соли 2026 аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ тамғаи «АИ-95» харидорӣ намуда, барои гузаронидани ташхис ба озмоишгоҳи маҳсулоти нафтии Агентӣ ирсол намуданд.
Тибқи натиҷаи ташхиси озмоишгоҳ намунаи бензини ташхисшуда ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ аз рӯйи нишондоди адади октанӣ мутобиқат накарда, аз рӯйи натиҷаи ташхис ба бензини тамғаи «АИ-93» мувофиқат мекунад.
Пешниҳод намудани бензини тамғаи «АИ-93» ҳамчун сӯзишвории тамғаи «АИ-95» боиси фиреби истеъмолкунандагон гардида, ба талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мухолифат менамояд.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Агентии Тоҷикстандарт корҳои назоратӣ ва чораҳои дахлдор идома дошта, масъала дар доираи талаботи қонун мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
ТАВАҶҶУҲ!
Агентии Тоҷикстандарт аз соҳибкорон ва масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ даъват ба амал меорад, ки ҳангоми пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ талаботи қонунгузориро қатъиян риоя намуда, ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳанд. Ба хотири ба даст овардани даромади бештар дидаву дониста маълумоти нодуруст пешниҳод накунанд, ҳамчунин, сӯзишвории номувофиқро зери тамғаи дигар ба фурӯш набароранд.