РОҒУН: ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ЭҲТИРОМ БА ҲОМИЁНИ ВАТАН
Чанде пеш, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Роғун роҳпаймоии осоиштаи идонаи сокинон ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ роҳбарияти шаҳри Роғун, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шари Роғун, фаъолони ҷомеа, аъзои фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳр, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, наврасону ҷавонон ва кормандони сохторҳои дахлдор иштироки фаъолона намуданд. Иштирокчиён бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳои идона дар фазои тантанавӣ аз соҳибистиқлолии Ватан, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ изҳори ифтихор намуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузории чунин чорабиниҳои оммавию идона дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр низ пешбинӣ гардидааст.
Дар идомаи чорабиниҳо дар қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни Гвардияи миллӣ ва як қатор барномаҳои маърифатию фарҳангӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунатулло, муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоншо Мирзоён, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Гвардияи миллӣ самимона табрик гуфта, нақши Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, ба фаъолияти Гвардияи миллӣ ҳамчун сохтори муҳими низомии кишвар ва саҳми хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳифзи амнияту суботи давлат таъкид карда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин барои сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур дастархони идона ороста шуд.
Чунин чорабиниҳо дар заминаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ мусоидат менамоянд.