СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
ОИД БА УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАҲЛИЛИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Рӯзҳои 28 ва 29 сентябри соли равон дар Озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Агентии Тоҷикстандарт семинари омӯзишӣ оид ба арзёбии техникӣ ва омӯзиши амалии усули спектроскопияи атомӣ-абсорбсионӣ (AAS) барои муайян намудани миқдори оҳан ва руҳ дар орди гандумӣ гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур мутахассисони Озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории дастгоҳи марказии Агентии Тоҷикстандарт, инчунин, мутахассисони раёсатҳо ва марказҳои зертобеи Агентӣ дар шаҳру минтақаҳои кишвар иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории омӯзиш баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии мутахассисон, аз худ намудани усулҳои муосири таҳлили лабораторӣ ва тақвияти имкониятҳои техникии озмоишгоҳҳо арзёбӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки семинари омӯзишӣ бо ташаббуси роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ва Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар доираи омӯзиш коршиносони хориҷӣ, аз ҷумла мутахассисони Ҷумҳурии Ҳиндустон, тавассути низоми онлайн ба раванди таълим ҷалб шуда, ба иштирокчиён дониш ва таҷрибаи худро дар самти истифодаи таҷҳизоти муосири лабораторӣ ва гузаронидани таҳлилҳои махсус пешниҳод намуданд.
Дар рафти семинар ба масъалаҳои назариявӣ ва амалии истифодаи усули спектроскопияи атомӣ-абсорбсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокчиён бо принсипи кори таҷҳизоти AAS, тартиби омода намудани намунаҳо барои таҳлил, марҳилаҳои гузаронидани таҳқиқоти лабораторӣ, усулҳои муайян намудани миқдори элементҳои минералӣ, инчунин қоидаҳои коркарди натиҷаҳои бадастомада шинос гардиданд.
Яке аз самтҳои асосии омӯзиш муайян намудани миқдори оҳан ва руҳ дар орди гандумӣ буд. Ин нишондиҳандаҳо дар арзёбии сифати ғизоӣ ва таркиби маҳсулоти ғалладона аҳамияти муҳим дошта, гузаронидани таҳлили дақиқи онҳо ба таъмини назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар доираи омӯзиш иштирокчиён имконият пайдо намуданд, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, бо тарзи дурусти истифодаи таҷҳизоти лабораторӣ ва иҷрои марҳилаҳои асосии таҳлили атомӣ-абсорбсионӣ шинос шаванд. Гузаронидани чунин машғулиятҳои амалӣ барои баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои озмоишгоҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони озмоишгоҳҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таҳлил ва мутобиқ намудани фаъолияти озмоишгоҳҳои соҳавӣ ба талаботи муосир аҳамияти муҳим дорад.Дар анҷрми семинар иштирокчиён аз рӯйи натиҷаҳои омӯзиш ва иштироки фаъолона сертификатҳои сатҳи байналмилалӣ гирифтанд. Қабули сертификатҳо барои мутахассисон ҳамчун тасдиқи иштироки онҳо дар омӯзиши тахассусӣ ва такмили донишҳои касбӣ арзёбӣ гардида, барои рушди минбаъдаи фаъолияти онҳо дар самти назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат хоҳад кард.