ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиш, нахуст табрикоти директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин ба самъи ҳозирин расонида шуд. Ҳамчунин, иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди сиёсиву таърихии миллати тоҷик ва заминаи асосии рушди минбаъдаи давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, рушди иқтисоди миллӣ, бунёди инфрасохтори муосир ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихори давлатсозӣ ва рушди устуворро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу ташаббускор мавқеи устувор пайдо кардааст.
Дар идомаи ҳамоиш як қатор кормандон ва мутахассисони Агентӣ бо баромадҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ андешаҳои худро баён карданд.
Баромадкунандагон зикр намуданд, ки Истиқлол на танҳо дастоварди таърихӣ, балки масъулияти бузург барои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва саҳм гузоштан дар ободиву пешрафти Ватан аз ҳар яки мо масъулияти баланд ва фаъолияти содиқонаро тақозо менамояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш, ҳамчунин, оид ба дастовардҳои Агентии Тоҷикстандарт дар солҳои соҳибистиқлолӣ, рушди инфрасохтори сифат, такмили низоми метрологӣ, густариши хизматрасониҳои соҳавӣ, рушди озмоишгоҳҳо, татбиқи стандартҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ андешаҳо баён гардиданд. Таъкид шуд, ки дар шароити рушди иқтисоди миллӣ ва зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ масъалаҳои сифат, бехатарӣ ва рақобатпазирии маҳсулот аҳамияти бештар пайдо мекунанд.
Кормандони Агентӣ иброз доштанд, ки дар марҳилаи нави рушди кишвар вазифаи ҳар як мутахассиси соҳа аз он иборат аст, ки бо истифода аз дониш, таҷриба ва имкониятҳои мавҷуда барои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори миллии сифат саҳми арзанда гузорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор кормандон ва мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт, ки бо фаъолияти самаранок, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзанда дар пешрафти соҳа ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Агентӣ қадрдонӣ шуданд.Қайд гардид, ки чунин қадрдонӣ на танҳо нишони эҳтиром ба меҳнати содиқонаи кормандон, балки воситаи ҳавасмандгардонӣ барои фаъолияти минбаъда, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва расидан ба дастовардҳои нави меҳнатӣ мебошад.Дар анҷом иштирокчиёни ҳамоиш таъкид карданд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷашни ифтихор, худшиносӣ ва масъулияти миллӣ буда, вазифаи имрӯзаи ҳар як сокини кишвар саҳм гузоштан дар таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодӣ, ободии Ватан ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Фирдавси АБДУРАҲМОН