Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ АСОСИИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ҶОМЕА
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии Тоҷикстандарт
«Ояндаи давлату миллат аз сатҳи худогоҳии шаҳрвандон вобастагии мустақим дорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Миллате, ки таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои худро мешиносад ва эҳтиром мекунад, метавонад дар шароити ҷаҳонишавӣ мавқеи устувори худро ҳифз намояд. Аз ин рӯ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванд мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таърихи чандҳазорсола, фарҳанги пурғановат ва арзишҳои маънавии устувор дорад, худшиносии миллӣ на танҳо рукни муҳими давлатдорӣ, балки омили асосии суботи ҷомеа ва рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба хотираи таърихии миллат яке аз шартҳои асосии ҳифзи ваҳдат ва соҳибихтиёрии кишвар аст. Миллате, ки ба гузаштагонаш арҷ мегузорад ва панди онҳоро сармашқи кораш мекунад, дар ҳама арсаҳои ҳаёт муваффақ мегардад. Бо ин мақсад, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ бахшида шудааст. Эҳёи ҳунару анъана ва ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва мақоми расмӣ додан ба ин арзишҳои нодири фарҳангӣ хидмати бузургу беназири ин шахсияти таърихсоз мебошад. Ин иқдомҳо натанҳо арзишҳои фарҳангиро эҳё намуданд, балки ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдати маънавиро дар кишвар тақвият бахшиданд.
Дар ин баробар, ба таърихи давлатдории тоҷикон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҷашнҳои 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон, 5500-солагии Саразми бостонӣ намунаи равшани арҷгузорӣ ба мероси таърихии миллат ва таҳкими ҳувияти миллӣ буданд, ки ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми мардумро нисбат ба гузаштагон густариш доданд.
Бо дарназардошти муҳиммияти масъала, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2026-ро дар Тоҷикистон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд.
Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҳимоя намуда, давлати миллии тоҷиконро эҳё карданд ва ин бузургтарин саодат, баландтарин иқбол ва беҳтарин хушбахтӣ барои миллати тоҷик мебошад ва борҳо таъкид намудаанд, ки «Худшиносиву худогоҳии миллӣ пояи асосии ҳастии миллат ва кафили пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад». Ин нукта баёнгари он аст, ки бе эҳсоси амиқи мансубият ба миллат ва давлат рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ғайриимкон аст.
Худшиносии миллӣ ифодаи шинохти решаҳои таърихӣ, забон, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва суннатҳои миллат мебошад. Ин мафҳум дар худ эҳсоси ифтихор аз гузашта, дарки воқеии имрӯз ва масъулият барои ояндаро муттаҳид месозад. Худогоҳии миллӣ бошад, зинаи баланди худшиносӣ буда, шаҳрвандро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ваҳдат ва Истиқлоли давлатӣ раҳнамун месозад ва дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба маврид таъкид намуданд, ки «Миллате, ки таърих, фарҳанг ва арзишҳои худро намешиносад, наметавонад дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кунад».
Ин андеша нишон медиҳад, ки худшиносӣ омили рақобатпазирии миллат дар ҷаҳони муосир низ мебошад.
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони нодир фароҳам овард, то арзишҳои миллии худро эҳё ва таҳким бахшад. Дар ин раванд худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид. Маҳз тавассути эҳёи забони давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ, суннатҳои фарҳангӣ ва гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ пояҳои давлатдории миллӣ қавӣ гардиданд.
Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки худшиносии миллӣ заминаи асосии ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.
Дар шароити ҷаҳони иттилоотӣ ҷавонон бештар зери таъсири фарҳанг ва андешаҳои гуногун қарор доранд. Аз ин лиҳоз, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонон вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созанда имкон медиҳад, ки онҳо худро идомадиҳандаи арзишҳои миллӣ эҳсос кунанд ва дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ чунин баён доштанд, ки «Ҷавонон ояндаи миллатанд ва аз сатҳи худшиносиву маърифати онҳо тақдири давлат вобаста аст».
Метавон гуфт, ки таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ яке аз масъалаҳои калидии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин раванд бояд пайваста, ҳадафманд ва дар асоси сиёсати давлатии фарҳангиву маърифатӣ амалӣ гардад. Танҳо дар сурати худшиносии баланд, эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ҷомеа метавонад ба пешрафти устувор ноил гардад.