Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намои бинои дастгоҳи марказӣ, ҳамчунин, биноҳои марказҳои зертобеи Агентӣ Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳо насб гардиданд.
Дар ин замина, санаи 24 ноябр дар дастгоҳи марказӣ ва раёсату марказҳои зертобеи Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки дар раванди маҷлиси тантанавӣ дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вилоятию минтақавии Агентӣ бо иштироки меҳмонон ва кормандон оид ба гиромидошти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи парчамдории тоҷикон, ҳифзи ин муқаддасоти миллӣ, талаботи стандарти давлатӣ барои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, шукргузорӣ аз Ватани ободу дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар карда шуд.
Аз ҷумла, дар табрикоти роҳбарияти Агентӣ қайд гардид, ки ҳар яки мо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз синни кӯдакӣ тарбия намоем, зеро рамзҳои давлатӣ, парчам таҷассумгари гузаштаи пурифтихори таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқамон мебошанд. Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.