Таъмини пурраи сифат ва бехатарии маҳсулот ба бисёр ҷабҳаҳои иқтисодию сиёсии мамлакат, аз ҷумла, ба таъмини боэътимоди воридоти озуқаворӣ бо роҳи аз байни бурдани монеаҳои сунъие, ки гардиши боэътимоди молро то ҷои истеъмоли он таъмин мекунанд, мусоидат менамояд ва дар ин самт сол то сол беҳбудӣ ба назар мерасад. Аллакай як қатор корхонаҳои нави ватание таъсис дода шуда истодаанд, ки бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанду маҳсулоти рақобатпазиру хушсифат истеҳсол мекунанд.
Масъалаи ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мадди аввали фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт қарор дорад.
Вобаста ба ин, санаи 31 - уми октябри соли равон дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки васеи соҳибкорон дар мавзӯи «Тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта» семинар - машварат баргузор гардид.
Дар семинар, ҷиҳати риояи қоидаҳои савдо, нигоҳдорӣ, фурӯш, интиқол, ҷобаҷогузории молу маҳсулот, риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр ҳолатҳо ҳоло ҳам фурӯши маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ба қайд гирифт мешаванд. Аз ин лиҳоз, аз иштирокчиёни семинар даъват ба амал оварда шуд, ки ба чунин корҳо даст назананд. Инчунин, бар хилофи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ надиҳанд.
Дар ин робита, аз тарафи роҳбарияти Агентӣ таъкид гардид, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ афзал дониста, маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолиаш гузашта, қандакҳои хориҷии кӯдаконаи ба талабот ҷавобгӯ набуда ва дигар маҳсулотеро, ки ба саломатӣ хатар дорад, барои несту нобудсозӣ ба Агентии Тоҷикстандарт пешниҳод намоянд.
Дар охири семинар-машварат миёни кормандони Нозироти савдои Агентӣ ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.