Масъалаи ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мадди аввали фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт қарор дорад.
Ҳадаф ин назорат ва ҳимояи бозори истеъмолӣ, яъне пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, инчунин, дарёфт ва аз муомилот гирифтани молу маводҳои пастсифат ва зараррасоне, ки ба ҳаёти одамон зарар дорад, мебошад.
Дар доираи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулот ва хизматрасонии пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон кормандони Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт бо соҳибкорон, фурӯшандагон, воридкунандагони молу маҳсулот, инчунин, истеъмолкунандагон пайваста корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Дар рафти гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соҳибкорон даъват ба амал меоранд, ки молҳои пастсифат ва ё муҳлати истеъмолиаш гузаштаро ба мардум нафурӯшанд. Барои несту нобуд сохтан ва аз муомилот баровардани ингуна молу маҳсулот ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат кунанд.
Натиҷаи ҳамин гуна корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ аст, ки соҳибкорони масъулиятшинос молу маҳсулоти муҳлати истеъмолша гузашта ва ё ғайри қобили истифодаро ба Агентии Тоҷикстандарт дастрас мекунанд.
Дар робита ба ин, имрӯз чанд адад нақлиёти пурбори маҳсулот аз ҷониби соҳибкорони бомасъулият ба Агентӣ барои несту нобуд кардан ворид гардид. Метавон гуфт, ки ин раванд аз ҷониби дигар соҳибкорон низ идома дода шуда, дар таъмини ҳимояи бозори истеъмолӣ ва тоза нигоҳ доштани он заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.