Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт ба муносибати 34 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, муовинон, сардорони Раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок карданд.
Нахуст директори Агентӣ муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз миллати тоҷик басо хушиқбол аст, ки дар давлати соҳибистиқлоли худ, ки ба ин неъмати беназир 34 сол инҷониб сарфароз гардидааст, орому осуда дар фазои худшиносиву ягонагӣ зиндагӣ дорад. Ба шарофати истиқлол, ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлол душвору тулонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлол ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо буданд».
Дар идома роҳбари Агентӣ таъкид доштанд, ки мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳангӣ ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем. Хатарҳои замони муосир аз якояки мо талаб менамояд, ки дар баробари ҳамаи дигаргуниҳо ва тазодҳои раванди ҷаҳонишавӣ ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлол талош намоем.
Ҳамчунин, моро мебояд ин 34 соли тақдирсозро таҳлил ва мантиқан дарк намуда, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманди миллат расем. Таҷрибаҳои он қаҳрамононро омӯхта, ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш Истиқлол аст, расем ва дар оянда ин таҷрибаҳоро сармашқи кору фаъолияти хеш намоем. Даствардҳои истиқлоли тоҷиконро аз ҳарвақта дида бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем.
Дар ҷараёни ҳамоиши идона дигар кормандону мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт бо маърӯзаҳо баромад карда, роҷеъ ба аҳамият ва арзиши баланд доштани Истиқлоли давлатӣ ибрози фикру мулоҳиза карданд.
Барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳа ва фаъолияти арзишманд дар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, дар фарҷоми ҳамоиши идона, ба як қатор кормандони Агентӣ Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд.