24 июни соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти «Ваҳдати миллӣ-бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллат» мизи муддавар баргузор гардид. Дар чорабинӣ собиқ раиси вилояти Хатлон, раиси Шурои…
24 июни соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти «Ваҳдати миллӣ-бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллат» мизи муддавар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ собиқ раиси вилояти Хатлон, раиси Шурои куҳансолони ҷамъияти ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ходими сиёсӣ, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон- Ғайбулло Афзал, муовини раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои аграрӣ, об ва захираҳои замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фазлиддин Икромӣ, олимону роҳбарон ва кормандони муассисаҳои илмии Академия иштирок доштанд.
Нахуст президенти Академия Салимзода Амонулло Файзулло ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳамияти таҷлили ин ҷашни муқаддас суханронӣ карданд.
Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад.
Амонулло Салимзода доштанд, ки барои мардуми бошарафи Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Зеро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.
Сипас Ғайбулло Афзал барои иштирокдорони ҷаласа аз хотираҳои худ дар бораи баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон-Иҷлосияи тадқдирсоз, таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ёддовар шуданд. Мавсуф қайд намуданд, ки Сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистон ба ба осонӣ ба даст наомадааст.
Маҳз ба шарофати ҷоннисориҳои фарзанди шарафманди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли 1997 ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузошта шуду ҳама баҳсу талошҳо ва кашмакашиҳоро бартараф ва ба ҷанги хонумонсӯз хотима бахшида шуд.
Ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор гардида буд, пас аз ба ҳайси Раиси он интихоб гардидан Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор карда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат кунам».