ВОХӮРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АИКТ БО САФИРИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ҶОНГ СОНГ ШИК 19 июн дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академия академик Салимзода Амонулло Файзулло бо сафири Кореяи Ҷанубӣ Ҷонг Сонг Шик баргузор гардид. Дар вохӯрӣ…
ВОХӮРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АИКТ БО САФИРИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ҶОНГ СОНГ ШИК
19 июн дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академия академик Салимзода Амонулло Файзулло бо сафири Кореяи Ҷанубӣ Ҷонг Сонг Шик баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои илмӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди таҳқиқоти муштаракро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда байни муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуданд.
Қайд гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Кореяи Ҷанубӣ, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олии ду давлат ба роҳ монда шудаанд, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла илми кишоварзӣ босуръат рушд намуда истодаанд. Дар ин замина, густариши робитаҳои байни муассисаҳои илмии ду кишвар барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак, табодули таҷриба ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аҳаммияти махсус дорад.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо мавриди арзёбӣ қарор гирифт.