Зиёрати ходимони барҷастаи давлатию сиёсӣ Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад Дар арафаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти…
Зиёрати ходимони барҷастаи давлатию сиёсӣ Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
Дар арафаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан овардани хоки поки фарзандони қаҳрамони миллат муҳимтарин дастовези маънавӣ маҳсуб меёбад.
Ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ як хизмати фарзандони содиқи ин сарзамин дар роҳи эҳёи давлатдории тоҷикон фаромӯш нахоҳад шуд.
Бо ин иқдоми наҷиби Роҳбари давлат, хоки Ватан қаҳрамонони ҷонфидои худро ба оғӯш кашид, ки ин ормони қариб садсолаи ҳар як ҳамватани мо буд.
Мактаби давлату давлатдории Пешвои миллат бо ин амали башардӯстона устувортарин дарси худшиносӣ ва ифтихори миллиро ба насли имрӯзу фардо таълим дод.
Дар партави ин сиёсати башардӯстона, субҳи имрӯз президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло ва роҳбарону кормандони муассисаҳои зертобеи Академия ба зиёрати оромгоҳи ходимони барҷастаи давлатию сиёсӣ Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад рафтанд. Ин чорабинии маънавию ватандӯстона дар фазои эҳтиром ба таърихи миллат, арҷгузорӣ ба корномаҳои фарзандони содиқи Ватан ва пос доштани хотираи неки онҳо баргузор гардид.
26.05.2026с