«ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР РУШДИ ИЛМИ КИШОВАРЗӢ» 23 майи соли 2026 бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмиию амалӣ дар мавзуи “Дастовардҳои олимони ҷавон дар рушди илми кишоварзӣ” ва…
«ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР РУШДИ ИЛМИ КИШОВАРЗӢ»
23 майи соли 2026 бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмиию амалӣ дар мавзуи “Дастовардҳои олимони ҷавон дар рушди илми кишоварзӣ” ва амалигардонии «бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид, ки дар кори он муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурозиқзода Лутфулло Давлат, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбизода Сураш, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муминзода Некруз Абдуманон, муовини Ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур Давлатмуродзода Тоҳир инчунин олимон, магистрҳо, докторант PhD-и муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амиршозода Файзулло Сафар ба кори конференсияро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи дастовардҳои олимони Академия ва татбиқи онҳо дар рушди илм, инноватсия ва технологияҳои инноватсионӣ баромад карда, қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баррасии дастовардҳои олимони Академия, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ мебошад.
Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти илм ва маориф ҳамчун ҷузъи муҳими стратегияи рушди миллӣ ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар равона гардидааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, давлат соҳаи илм ва маорифро ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа ва таъмини рақобатпазирии миллӣ арзёбӣ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди низоми таълиму тарбия ва ташаккули заминаҳои илмиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян кардааст.