ВОХЎРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН САЛИМЗОДА АМОНУЛЛО ФАЙЗУЛЛО БО САФИРИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУХТОРИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ТОҶИКИСТОН КЭТРИН СМИТТОН 5 феврали соли 2026 дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимия вохўрии президенти…
ВОХЎРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН САЛИМЗОДА АМОНУЛЛО ФАЙЗУЛЛО БО САФИРИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУХТОРИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ТОҶИКИСТОН КЭТРИН СМИТТОН
5 феврали соли 2026 дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимия вохўрии президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо Сафири фавқуллода ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Кэтрин Смиттон баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва як қатор олимони муассисаҳои илмӣ иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳ Салимзода А. Ф. аз номи Президиуми Академия барои ташрифи меҳмони олиқадр ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуда, мухтасар дар бораи таъсисёбӣ, вазифаҳо ва фаъолияти Академия маълумот доданд. Салимзода А.Ф аз ҷумла қайд намуданд, ки Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, маҳз бо ташаббуси Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.
Самтҳои асосии фаъолияти Академияро офаридани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда, зоту типҳои нави ҳайвонот, коркарди усулҳои пешгирӣ, табобат ва мубориза бо касалиҳои ҳайвоноту растанӣ, ҷамъоварӣ, омўзиш ва нигоҳдории захираҳои генетикӣ, усулҳои баландбардории ҳосилхезии хок ва пешгирии он аз эрозия ва шўршавӣ, сохтану такмил додани техникаи кишоварзӣ, гузаронидани таҳқиқот дар соҳаи иқтисодиёти кишоварзӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад.
Давоми фаъолият аз ҷониби олимони Академия зиёда аз 290 навъҳои зироатҳои кишоварзӣ офаридаанд, ки аз он 178 навъ минтақабоб гардонида шудааст.
Айни ҳол дар сохтори Академия 12 муассисаи илмӣ ва 4 Марказ, аз ҷумла 8 институтҳои соҳавӣ, инчунин 24 филиалу стансияҳо фаъолият доранд. Дар муассисаҳои илмии Академия зиёда аз 1122 корманд, аз он 537 нафарро корманди илмӣ мебошад. Аз ин ҳисоб докторони илм 57 нафар, номзади илм 154, аспирантҳо 83, магистрон 131 ва 66 нафарро докторантон ташкил медиҳад. Ҳамзамон 31 нафар доктори илм ва 37 номзади илм аз дигар муассисаҳои илмӣ баро иҷрои таҳқиқотҳои илмӣ сафарбар када шудаанд. Дар ҳайати Академия академикҳо 9 нафар, аъзоёни вобаста 4 ва 2 нафарро аъзоён аз хориҷи кишвар ташкил медиҳанд.
Дар давраи фаъолият олимони Академия ва муассисаҳои илмии он 15,5 ҳазор навъу намунаҳои тухмии зироатҳои кишоварзиро ҷамъварӣ намуда, 60 навъи дарахтони мевадиҳанда ва ситрусӣ, ток, сабзавот ва картошка, 7 тип ва зоти ҳайвоноти кишоварзӣ, 2 навъи кирмаки милла ва дурагаҳои он, 2 навъи дарахти тутро офарида, зоту кроссҳои сермаҳсули мурғ, мурғи марҷон ва кабкро муайян карда, роҳҳои нави парвариши онҳоро такмил дода, ба истеҳсолот тавсия доданд.