11 марти соли 2026 дар ш. Душанбе мулоқот байни президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Салимзода Амонулло Файзулло ва директори Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон, ҷаноби Конг Синг Хон баргузор гардид.…
11 марти соли 2026 дар ш. Душанбе мулоқот байни президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Салимзода Амонулло Файзулло ва директори Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон, ҷаноби Конг Синг Хон баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаи кишоварзӣ, илм ва технологияҳои инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Салимзода Амонулло Файзулло муфассал оид ба сохтор ва дастовардҳои илмию истеҳсолии Академия дар тули 35 соли Истиқлолият маълумот дода, зикр намуданд, ки дар ин давра олимони Академия зиёда аз 290 навъи зироатҳои кишоварзӣ, даҳҳо технологияҳои самараноки парвариш, типу зотҳои нави ҳайвонот, ваксинаҳо ва доруҳои байториро таҳия намудаанд, ки дар соҳаи кишоварзӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Коллексияи захираҳои генетикии зироатҳои кишоварзӣ зиёда аз 13,5 ҳазор намунаҳоро дар бар мегирад.
Дар мулоқот ба масъалаи рушди истеҳсоли картошкаи тухмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири парвариши он, аз ҷумла бо усулҳои аэропоника ва гидропоника диққати махсус дода шуд. Таъмини кишвар бо картошкаи тухмӣ аз масъалаҳои муҳими рушди соҳаи аграрӣ ҳисоб меёбад.
Ҳамзамон, оид ба лоиҳаи пешниҳоднамудаи Академия дар самти «Баланд бардоштани иқтидори технологияҳои истеҳсоли тухм ва низоми афзоиши картошка дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид, ки аз ҷониби ҷаноби Конг Синг Хон на танҳо дар доираи ин лоиҳа, балки дар дигар самтҳои фаъолияти Академия лоиҳаҳо қабул намоянд.