Рӯзи 31-уми декабри соли 2025 президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва директорони муассисаҳои зертобеъ фаъолияти АИКТ-ро дар соли 2025 баррасӣ намуданд. Зимни мулоқот натиҷаҳои бадастомада таҳлил гардида, нақшаҳои минбаъда муайян карда шуд. Дар хотима, президенти Академия ҳозиринро бо фаро расидани Соли нави мелодии 2026 табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзии кишвар комёбиҳои беназир таманно карданд.