18 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ ва Фестивал - намоиши "Гӯсфандони зоти ҳисорӣ" баргузор гардид.
Дар Симпозиум намояндагони идораю ташкилотҳои дахлдори илмӣ, олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Украина, Молдова, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини молу мулки махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, роҳбарони хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорӣ ва васоити ахбори омма (беш аз 180 нафар) иштирок доштанд.
Ҳадафи чорабинии мазкур баррасӣ ва равшан кардани масъалаҳои ҳолат, мушкилоти ҷорӣ ва рушди минбаъдаи гӯсфандпарварии зоти думбадор, аз ҷумла парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, пешниҳоди таҷрибаи пешқадам, дастовардҳои илмию амалӣ ва натиҷаҳо оид ба беҳтар намудани сифати зотӣ ва маҳсулнокии ин зоти беназир буд.
Дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ ва фестивал- намоиши зоти гӯсфандони ҳисорӣ олимон ва мутахассисон натиҷаҳои тадқиқоти худро пешниҳод карданд. Гузоришҳои дар ҷаласаҳои симпозиум шунидашуда дар маҷмуаи Маводҳои симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ муҳокима ва нашр шудаанд.
Иштирокчиёни Симпозиум, аз ҷумла олимон ва мутахассисони соҳа дар асоси таҳлил ва ҷамъбасти натиҷаҳо, дастовардҳо дар кори селексионӣ-зотпарварӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди зоти гӯсфандони ҳисорӣ, ҳамчун яке аз асосҳои боэътимоди таъмини амнияти озуқавории мамлакат изҳори миннатдории самимӣ намуданд. Ҳамзамон иброз доштанд, ки ҳамкорӣ ва шарикии байналмилалӣ дар соҳаи гӯсфандпарварӣ, хусусан дар парвариши гӯсфандони зоти ҳисорӣ тақвият дода шавад.