Баррасии масъалаҳои муҳим дар маҷлиси
назоратии назди раиси ноҳия
Сиюми сентябри соли равон дар бинои Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД – и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Нахуст, раиси ноҳия доири омодагии хуб дидан дар ноҳия барои истиқболи сазовори меҳмони олиқадр ҳарф зада, таъкид намуданд, ки бояд ҳама дар ин бобат ҳисси масъулиятшиносии баланд нишон диҳанд.
Доири масъалаи чиниши пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин махсус истода гузашта таъкид намуд, ки ҳамагон бояд ба масъалаи ҷамъоварии “тиллои сафед” диққати ҳаматарафа дода шавад ва аз ҳар як рӯзи гарми фасли тирамоҳ самарабахш истифода бурда, ҳамчунин, бояд пахтаи чида шуда сари вақт ба корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия – ҶДММ “Шарифи Абдулло” ва “Замин - Коттон” супорида шавад.
Ҳамчунин раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҳисоботҳои пахтасупорӣ аз Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба бахши омор сари вақт пешниҳод карда шаванд.
Таъкид карда шуд, ки сохтмони дарвозаи шаҳраки Москва бо тарҳ ва дизайни хуб; тоза намудани партовҳо дар шаҳраки Москва ва гирду атрофи Бозори марказӣ, сохтмони партовгоҳҳои муваққатӣ дар ҳар як Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия, омодагиҳо ба давраи зимистонгузаронӣ дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия, масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ, ташкил ва баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ низ ҳаматарафа баррасӣ гардида, барои пешрафт ва амалишавии корҳо раиси ноҳия ба ҳамаи роҳбарону шахсони масъул дастуру ҳидоятҳо доданд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия