Баргузории иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия
Имрӯз, 29 сентябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, даъвати ҳаштум баргузор гардид. Дар кори муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 27. 04. 2022, №548 Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 11.02.2022, №43 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2021, №565 “Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 - 2026”
Ҳисоботи Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 01.11.2022, №1395 Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 21 сентябри соли 2022, №294 “Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026”
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳавзаи интихоботии №29 – Кабирзода Ҷомӣ
Таъиноти кадрӣ.
Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия.
Пас аз баррасии масъалаҳои Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳаштум қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.