КӮДАКИСТОНИ №1 БАЪДИ ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Имрӯз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» як қатор корҳои созандагию ободонӣ дар самти рушди таҳсилоти томактабӣ идома ёфта, кӯдакистони №1-и ноҳия баъди таъмиру азнавсозии пурра мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи томактабӣ муовини раиси вилояти Хатлон Солеҳзода Ашурбой ва раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин иштирок намуда, муассисаи навсозишударо расман ифтитоҳ намуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур барои таълиму тарбияи кӯдакон имкониятҳои нав фароҳам оварда шуда, муассиса бо таҷҳизот ва маводи зарурии таълимию бозӣ таъмин гардидааст.
Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз соли 2022 амалӣ гардида, то имрӯз корҳои назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла, 49 маркази инкишофи барвақтии кӯдак таъмир ва бо таҷҳизоту маводи таълимию бозӣ таъмин гардида, 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ таъмиру муҷаҳҳаз карда шудааст. Ҳамчунин, дар маркази ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии №8 ҳамчун муассисаи замонавии томактабӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.
Дар доираи лоиҳа инчунин 10 маркази саломатии деҳот таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин шуда, 23 гурӯҳи бозии инкишофи барвақт таъсис дода шудааст. Барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисон низ омӯзишҳо, семинарҳо ва вохӯриҳои иттилоотӣ баргузор гардидаанд.
Меҳмонон зимни ифтитоҳи кӯдакистони №1 таъкид намуданд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, чунин ташаббусҳо ба беҳтар гардидани сифати таҳсилоти томактабӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон мусоидат менамоянд.
Кормандони муассиса иброз доштанд, ки шароити нав барои тарбияи кӯдакон, баргузории машғулиятҳои таълимию маърифатӣ ва рушди қобилиятҳои онҳо имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Мавриди қайд аст, ки дар муассиса 7 гуруҳ бо фарогирии 150 нафар кӯдакон фаъолият намуда истодаанд.
Ҷовид Қувватзода